
ШАҲРИТУЗ. Дар бинои ҶДММ «Финка» хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ бо иштироки кормандони бонки хурд баргузор гардид.
Муовини раис- мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳриуз Ачилдиев Турдимурод ҷиҳати истифодаи дуруст аз технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади пешгирӣ аз хатарҳои марбута ба истифодаи нодурусти онҳо ибрози андеша намуда, таъкид кард, ки дар шароити муосир масъалаи шакли истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар маҷмӯъ технологияи навин ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз табдил ёфтааст. Зеро василаҳои техникии муосир дар баробари фоидаи рӯзафзун ва осон гардонидани робитаи байни ҳамдигарии инсонҳо, ҳамзамон ба манбаи сохтакориву авомфиребӣ ва тафриқаангезиву воситаи паҳншавии ақидаҳои иртиҷоӣ табдил ёфтааст.
Яке аз хатарҳои асосии шабакаҳои иҷтимоӣ дурр намудани инсон аз асли иҷтимоии хеш мебошад. Инсон ҳамчун мавҷудоти иҷтимоӣ дар доираи ҷомеа рушд мекунад. Берун аз ҷомеа ва бидуни муносибатҳои инсонӣ аз асли худ дур мешавад