БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҒУН САРИ БАЛАНДИ МИЛЛАТИ ТОҶИК АСТ!

АНДЕША. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати тоҷик дастоварди таърихист. Баъди ҳазор сол миллати тоҷик тавонист, ки дигарбора соҳиби давлату соҳибихтиёри худ гардад. Ва ин дастовард барои миллати тоҷик роҳи нав, роҳи пешрафту дигаргунӣ, худшиносии миллиро эҳё намуд. 
Бояд гуфт, ки дар ҳамаи ин дастовардҳо пешрафтҳо саҳми фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо калон аст. Агар гӯем ки шахсан ин абармарди арсаи сиёсат дар шукуфоии Тоҷикистон, беҳдошти зиндагии мардуми кишвар саҳми тақдирсоз дорад, ҳеҷ хатое нахоҳем кард. 
Чанде пеш тавассути телевизион конфронси матбуотии вакили Думаи давлатии Федератсияи Русия, раиси ЛДПР Жириновскийро тамошо кардам. Барҳақ Жириновский Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро баҳои баланд дода, ӯро байни дигар сарони ҷумҳуриҳои собиқ СССР арзандатарин донист. Саҳми ӯро дар кори хомӯш кардани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарор намудани сулҳу салоҳ дар Тоҷикистон ва аз ҳама муҳим, бе дахолати артишу мадади давлатҳои хориҷӣ махсус қайд намуд. Ҳамчунин афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон тавонист, иқтисодиёти Тоҷикистонро баланд бардошта, онро ба яке аз кишварҳои рӯ ба тарақӣ табдил дод.
Ин баҳои Жириновский дар ҳаққи Пешвои миллат одилона аст. Чаро ки Тоҷикистони ҷангзада дар муддати кутоҳ рушд кард, тарақӣ намуд, соҳаи иҷтимоиёту зиндагии халқ хеле боло рафт. Дар як муддати кутоҳ чи соҳаи саноату чи хоҷагии қишлоқ барқарор шуд ва Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо гардид. Ба истифода додани нақбҳои гаронарзиш, сохтмони пулу роҳҳои ба талаботи стандарти ҷаҳони ҷавобгӯ аз зумраи онҳост. 
Аз ҳама муҳимаш бо кӯшишу заҳматҳои Пешвои миллат норасоии барқ дар Тоҷикистон аз байн рафт ва мардум аз соли гузашта инҷониб аз реҷаи таъмини барқ озод гардида, имрӯз тамоми шабонарӯз бо неруи барқ таъминанд.
Имрӯзҳо мардуми Тоҷикистон боз як воқеаи таърихиро интизоранд. Ин ҳам бошад, ба истифода додани чархаи аввалини НБО “Роғун” аст, ки рӯзи 16-уми ноябр дар назар дошта шудааст. Ин боз як ташаббус, ибтикори Пешвои миллат аст, ки ба наздикӣ ҷомаи амал мепӯшад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояш дилпуррона гуфта буданд, ки мардуми Тоҷикистон бо нохунҳояшон НБО “Роғун”-ро месозанд ва имрӯз бо сари баланд ба ҷаҳониён бори дигар исбот карда тавонистем, ки мо миллати созандаем. Бо роҳбарии Пешвои миллат, талошҳои пайвастаи ӯ, ҷидду ҷаҳди беандоза ин нияти нек амалӣ гардид. Он рӯз дур нест, ки мо нерӯи аввалини ин иншооти азими асрро дар чароғҳои равшани хонаҳои худ хоҳем дид. Ҷумҳурии мо пурра аз камбуди нерӯи барқ баромада, иловатан ба ҷумҳурии содиркунандаи барқ табдил хоҳад ёфт. Ба ин мақсад аллакай хатҳои барқӣ ба дигар мамлакатҳо кашида шудаанд, ки намунаи он хати баландшиддати барқии «Касса 1000» мебошад.
Дар охир бояд гуфт, ки мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агар як бор ба ҷаҳолату торикии гумроҳонаи солҳои навадум ғалаба карда бошад, ин бор ба зулмоту торикии табиат ғалаба кард. Миллати тоҷикро дар оянда музаффариятҳои нав ба нав интизор аст. 
Поянда бод Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Ҳ. САФАРОВА - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg