ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар деҳаи Шар-Шари ҷамоати деҳоти Ғаллаобод оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли тақвияти робитабо маҳал вохӯрӣ доир гардид, ки дар он масъулин доир ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ карданд.
Дар қисмати фарҳангии вохӯрӣ иштирокчиён бо рӯҳи идона, бо сарфарози аз сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобатиба кор андохтани агрегати НОБ-и Роғун, расидан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ, ки неъмати бебаҳоро миллати тоҷик солҳост интизорӣ мекашиданд, миннатдории хешро баён карданд.