ХОВАЛИНГ. Дар асоси ҷадвали тасдиқгардида бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Саидҷалол Сатторов, Ҷамолиддин Қаюмов, кормандони Маркази ВНМО М. Мирзоева, С. Кабирова дар деҳаи Сиёҳкуртаҳои ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суҳбат гузаронида шуд.
Кормандони Кумитаи иҷроияиноҳиявии ҳизб пеш аз ҳама аҳли нишастро ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кор андохтани агрегати авали НБО Роғун табрик намуда, дар бораи хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ-расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ба таври муфассал маълумот доданд.
Дар суҳбат ҳамчунин дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ маълумот дода шуд.
Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия А. Ҳакимов дар ҷамъомад дар мавзӯъи «Президенти мо Пешвои мо» баромад намуда, хизматҳои Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар кори расидан ба сулҳу субот, рушду тараққиёти мамлакат баён намуд.
Корманди Маркази ВНМО М. Мирзоева дар баромадаш дар бораи роҳҳои гузариш ва пешгирии ин бемории хавфнок бо мисолҳо маълумоти муфассал дод.
Намоиши ҳунарии ташкилнамудаи сокинон ба ифтихори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ писанди ҳозирин гардид.
Дар аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” тарғиб гардида, дар доираи он сангфарш шудани роҳи байни деҳа дар якҷоягӣ бо сокинон ба нақша гирифта шуд.