
ҲАМАДОНӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо кормандони Раёсати кишоварзии ноҳия хониши сиёсӣ гузарониданд.
Зимни вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода дар бораи таъмини амнияти озуқаворӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегии давлату ҲХДТ мебошад, суханронӣ кард.
Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев дар бораи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар бораи фаъол гардонидани шаҳрвандон ва ҷалби бештари онҳо ба соҳибкорӣ, хоҷагидорию кишоварзӣ, вусъати кишту кори тирамоҳӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон бо шуғл сухан гуфта, ҳамагонро бо фарорасии санаҳои муҳими таърихӣ, кушодашавии агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун табрику муборакбод гуфта, сокинонро барои сарафҷӯёна истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти маблағи саривақтии он даъват кард.