БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғиби тарзи ҳаёти солим ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ

ФАРХОР. Вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо ҳизбиёни  Беморхонаи №5 доир гардид.

Дар назди ҳозирин раиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳия Назаров Алиҷон  баромад намуда, оид ба роҳҳои пешгирии бемориҳои сирояткунанда, расонидани кӯмакҳои тиббӣ ба аҳолӣ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъна ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба гузаронидани хатнаи кӯдакони навтаваллудшуда дар муассисаҳои тиббӣ тариқи ройгон гуфтугузори муфид сурат гирифт.

Мавсуф зимни баромади хеш қайд намуд, ки дар баробари дигар амалҳои хатарзо ба генафонди миллат паҳншавии бемориҳои сирояткунанда, махсусан бемориҳои ВНМО/АНМО  (ВИЧ/СПИД) ва Гепотит бисёр ташвишоваранд. Бемориҳои сироятӣ аз се омилӣ асосӣ таркиб ёфтаанд: манбаи сироят, ноқили ангезанда ва одамони ба сироят ҳасос мебошанд.

Аз ин рӯ моро зарур аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намоем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg