ТЕМУРМАЛИК. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи баргузории вохӯрию мулоқотҳо ва ҳарчи бештар тақвият бахшидани робита бо маҳал ва иҷрои дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон вохӯрии навбатӣ бо омӯзгорону кормандони муассисаи таҳсилоти иловагӣ дар ҳайати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҷабов Ҷаҳонгир баргузор гардид.
Зимни баргузории вохӯрӣ масъулин дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин дар масъалаҳои вазъияти сийёсиву иҷтимоӣ дар ВМКБ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, кушодашавии чархаи якуми нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун, баромадҳои ғаразноки дар сомонаи интернетӣ чопшудаи Муҳаммадиқболи Садриддин ва Шарофиддин Гадоев андешаронӣ карда, аз иштирокдорон ҷиҳати истифодаи дурусти шабакаҳои интернетӣ, огоҳонидани сокинон аз паёмадҳои хатаровари ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарбияи дурусти ҷавонон, ҷалби онҳо ба донишандӯзиву касбомӯзӣ даъватба амал овард.
Доир ба суханронии Раҷабзода Маҳмадсаид директори маркази таҳсилоти иловагӣ Давлатов Убайдулло вобаста ба ин хониши сиёсӣ андешаҳои худро баён кард .
Сипас, бо ҷонибдории иштирокчиён вокуниш оид ба баромадҳои ғаразноки хоинони миллат Муҳаммадиқболи Садриддин ва Шарофиддин Гадоев қабул карда шуд.
Дар охир Раҷабзода Маҳмадсаид ва кормандони маркази таҳсилоти иловагӣ бори дигар даъват ба амал овард, ки амалҳои зишти хоинони миллат дар ҳама ҷо маҳкум карда шавад.