БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар маҳал ташаббусҳои неку созандаи Пешвои миллат тарғиб мегарданд

ПАНҶ.   Дар маҳаллаи Сабзиҳарфи ҷамоати деҳоти Меҳвари ноҳияи Панҷ ҷихати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии маҳал чорабинии сиёсӣ роҳандозӣ гардид.

Ба ҳайати намояндагон Файзиев Каримҷон  раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб,  Шомаҳмадзода Музаффар  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия, Атаввуллоева Зебунисо мудири бахши занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия, вакили мардумӣ Машрабов Шамсулло шомил буданд.

Сокинони ватандӯстӣ маҳал чорабиниро бо намоиши ҳунарҳои  мардумӣ, аз қабили намудҳои гуногуни кашидадӯзиҳо, маҳсулотҳои оҳангарӣ, чӯбтарошӣ ва намудҳои гуногуни нону таомҳои миллӣ   доир карданд. Ҳамчунин, дар ин ҷо намоиши маҳсулотҳои кишоварзӣ ташкил карда шуд.

Нахуст, Файзиев Каримҷон чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, оид ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сухан намуда, дар баробари ин оид ба  тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин оид ба дастовардҳои беназири Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, иқдому ташаббусҳои неку созандаи Пешвои миллат ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ибрози андеша намуд.

Дар идома, вакили мардумӣ Машрабов Шамсулло оид ба  таҷлили 26-солагии  иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамият ва моҳияти ин Иҷлосияи тақдирсози миллат андешаронӣ намуд. Баъдан, доир  ба кор даровардани чархаи якуми НБО-и Роғун, ки ба истиқлолияти энергетикии кишвар як такони бузург медиҳад,  суханронӣ намуда, таъкид кард, ки барои амалӣ шудани ин рӯзи таърихӣ соатҳои башумор мондааст.

Қисмати охири вохӯрӣ  бо супоридани Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ба фаъолон ва ташкилкунандагони чорабинӣ ҷамъбаст гардид.

Ҷавонону наврасони  маҳал бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот зери садои мусиқӣ шодию сурур намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg