Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

Либоси миллӣ нишонаи фарҳангу асолати миллист

ЛЕВАКАНТ. Тибқи нақшаи кории  шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант  дар Коллеҷи  тиббии шаҳри Левакант чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ таҳти унвони «Либоси миллӣ- ҳифзи фарҳангу асолати миллӣ» баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Шаҳло Шомудинова, роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Гуландом Ризомова ва дигар шахсони даъватӣ иштирок доштанд.

Сухани ифтитоҳиро Шаҳло Шомудинова оғоз намуда, иброз дошт, ки  либоси миллӣ дар ташаккули андешаи миллӣ ва боло рафтани худогоҳиву худшиносии мардум, бахусус наврасону ҷавонон таъсири амиқ дорад.   Либос ҳамчун аркони фарҳанги миллӣ ва ҳастии миллат ба ҳам алоқамандии мантиқӣ дошта, баёнгари рафтору ахлоқ аст. Дар пайдо ва интихоб кардани сару либос ва мавқеи истифодаи он маърифат мададрасон мешавад. Мо фарҳанги қадима ва ғании либоспӯшӣ дорем, ки дар тӯли таърих новобаста ба таъсирҳои беруна тарҳи аслии худро нигоҳ дошта, аз насл ба насл интиқол ёфта истодааст. 

Сипас, роҳбари намояндагии  ТҶҶ «Созандагони Ватан»  Гуландом Ризомова  қайд намуд, ки ба ҳамагон  маълум аст, либосҳои миллӣ ҳамчун як бахши зиндаи фарҳанги анъанавӣ  аз қадим дар рушду такомул ва тағйирот қарор дорад. Имрӯзҳо низ ин раванд идома  дорад, аммо моро зарур аст, ки барои ҳифзи асолати он, тарғиби арзишҳои миллӣ ва худшиносӣ тадбирҳои саривақтӣ андешем ва бақои суннатҳои миллиро таъмин намоем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg