
КӮЛОБ. Дар ростои ба истифода додани агрегати аввали НБО «Роғун» бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, Коллеҷи омӯзгорӣ ва Коллеҷи тиббӣ аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Роғун – кохи нуру зиёи тоҷикон” баргузор карда шуд.
Зимни он миёни омӯзгорону донишҷӯён варақаҳои тарғиботӣ бо аксҳои “Роғун” ва Пешвои миллат тақсим ва дастрас гардонида шуданд.
Инчнунин, вобаста ба аҳамияти таърихӣ доштани НБО “Роғун” бо собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Кӯлоб мулоқот доир намуда, дар рафти он армуғонҳои таблиғотӣ дастраси ҳамагон карда шуд.
Бахшида ба ифтитоҳи агрегати аввлини НБО «Роғун» аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТдар шаҳри Кӯлоб минбаъд низ чунин иқдомҳо роҳандозӣ карда мешавад.