ҚУБОДИЁН. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фарҳангчиён” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Ваҳобиддин Абдуллоев хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Зимнан Ваҳобиддин Абдуллоев ҷамъомадагонро бо ҷашнҳои дарпешистодаи таърихӣ шодбош гуфта, дар бораи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара, агрегати якуми НБО-и Роғун, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба истифода дода мешавад андешаҳои хешро баён намуда, қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар ҳаёт татбтиқ намудани орзуву омоли халқ, ноил шудан ба дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ, расидан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ба хотири баланд гаштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва боз ҳам обозу зебо гардидани Ватани маҳбубамон Тоҷикистони азиз талош варзида истодаанд.
Аз ин лиҳоз ҳар як фарди худогоҳро месазад заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллатро қадр карда, барои боз ҳам пешрафта ва тараққӣ ёфтани Тоҷикистон дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ саҳми арзанда гузоранд.