БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НБО-и Роғун – пирӯзии таърихӣ барои Тоҷикистон

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи идораи обёрии Данғара хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба соли 2018  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Каримов Пирмуҳаммад иштирок намуда, атрофи мавзӯъҳои  Нерӯгоҳи барқи обии Роғун  чароғонии хонаи тоҷикистониён, истиқлолияти энергетикӣ  асоси пешрафту тараққиёт, амнияти обӣ ва озуқаворӣ, комплекси захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”,  мудирият ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ дар масоили истифодаи захираҳои обӣ аз ҷумла, бунёди силсила нерӯгоҳҳои барқӣ-обӣ, обёрии заминҳои кишоварзӣ, таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ, 26-умин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 ноябр – Рӯзи Президенти Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Зимнан изҳор дошта шуд, ки бо ба истифода додани чархи (агрегат) аввалини Нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар таърихи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон боз як саҳифаи нав бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад, ки нишона аз пирӯзӣ ва комёбиҳо дар асоси боварӣ ба нерӯи тавонои халқи шарафманди тоҷик таҳти сарварии роҳбари оқилу дурандеш, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg