БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Қадамҳои устувор ба сӯи истиқлолияти энергетикӣ

ВОСЕЪ. Дар давоми 27-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати кишвар бо сарварии Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди бисёр мушкилоту монеъаҳо таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамонро гузошта, ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шурӯъ намуд.

Вобаста ба ин дар деҳаи дурдасти Шӯрчашмаи (собиқ  деҳаи Раҳмон Бердиев)-и ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабов бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафарова Ҳафиза, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Гулрухсор Мирзоева ва сокинони деҳаи мазкур чорабинии фарҳангӣ – сиёсӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Масъулин атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ суҳбат ороста, қайд намуданд, ки ҷиҳати расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ дар кишвар корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар бузургтарин иншооти тақдирсози миллат Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» идома доранд.

Ба фаъолият оғоз кардани агрегати якуми ин иншооти муҳими мамлакат қадами устувор дар роҳи татбиқи яке аз ҳадафҳои асосию стратегии расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ дар кишвар мебошад.

Ҳамзамон, вакили деҳаи мазкур Сайфиддинов Фазлиддин иброз намуд, ки имрӯз мо ифтихор аз он мекунем, ки давлати миллии соҳибистиқлоли мо ба туфайли сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллатамон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр эътироф гардид. Баракати истиқлолияти давлатӣ буд, ки имрӯз нури Роғун ба хонадони ҳар як тоҷикистонӣ ворид шуда, барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ қадами устувор гузошта мешавад.

Ногуфта намонад, ки дар чорабинии мазкур ҳунарҳои миллии сокинони деҳаи Шӯрчашма ба маърази тамошо гузошта шуда буданд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg