БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ

ВАХШ. Дар ташкилоти  ибтидоии  «Маркази саломатӣ»-и ноҳия Вахш хониши сиёсӣ  атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар мавзӯъи «Баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон  бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ» баргузор гардид.  Зимни баргузории хониши сиёсӣ мудири шуъбаи таблиғот,  иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Даминов Илҳом ба сухан баромада,   қайд намуд, ки дар маҷмӯъ бемориҳои сироятӣ ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд: табобатшаванда, ки таҳдидашон ба ҳаёт пасттар ва табобатнашаванда бо таҳдиди марги ногузир. Гурӯҳи аввалро, бемориҳои мавсимӣ ва гузаранда,  аз қабили зуком, домана, зардпарвин, дарунравиӣ, исҳоли хунин, сил гепотит  ташкил медиҳад. Як қисми ин бемориҳо ба воситаи оби ифлос ва муҳити нопок паҳн мешавад. Гузариши ин бемориҳо тавассути микроб, бактерия ва вирусҳо ба амал меояд. Тамоми бемориҳое, ки аз зери назар дур  мемонад ва дар сари вақт барои пешгирии паҳншавии он тадбирҳои мушаххас намеандешанд, ба саломатии инсон хатари ҷиддиро ба миён оварда, дар баъзе мавридҳо оддитарин бемориҳо сабабгори марги одам мегардад. Инчунин бемории Гепотити С, ки тавассути хун мегузарад, яке аз бемориҳои хатарнок буда, инсон дар як ду моҳи сироятёбӣ худаш инро ҳис  мекунад, аммо дар айни замон ба манбаи паҳнкунандаи он табдил меёбад.    

Дар дунё 150 миллион одам гирифтори вируси Гепотити С  мебошад.  Ҳамасола  ҳазорҳо  одамамон  аз ин беморӣ ҳалок шуда, 3- 4 миллион нафари дигар сироят меёбанд, ки ин раванди афзоиш боиси ташвиш гардидааст.

Дар охир Даминов Илҳом қайд намуд, ки тозагии санитарию гигени вазифаи чонии ҳар як корманди тиб мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg