БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Роғун - иншооти бузурги аср!

Ҷ.БАЛХӢ. Таҳти ҳамин унвон дар маҳаллаи Ҳавдаксои назди ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии «Гулбаҳор»-и  ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдулҳаев Маҳмасаид ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Баротов Фариддун ва Ғуломов Ҷамолиддин вохӯрӣ бо сокинони маҳал баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Абдулҳаев Маҳмасаид оид ба кушодашавии чархаи аввалини  НБО «Роғун», дастовардҳои асри 21, саҳми арзандаи ҳар як узви фаъоли ҳизб дар ин ҷода, сазовор ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи 16-уми  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳарф зада,иштирокдоронро бо  рӯзҳои фархундаи миллат,  санаҳои муҳими таърихӣ табрику муборакбод гуфт.

Инчунин, дар идома Баротов Фаридун ва Ғуломов Ҷамолиддин  фикру андешаҳои хешро оид ба масъалаҳои дар болозикргардида баён дошта, аз сокинон барои расидан ба қадри заҳматҳои  бевоситаи  Пешвои миллат  ҷиҳати сарфаҷӯёна истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии маблағи он даъват  ба амал оварданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg