БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тоҷикистон–сарзамини биҳиштӣ аст!

ХУРОСОН. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар деҳаи Сабзазори ҷамоати деҳоти Ғаллаобод бо сокинон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли тақвияти робита бо маҳал вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимнан масъулин ҷамъомадагонро бо фарорасии санаҳои муҳими таърихӣ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кушодашавии чархаи якуми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун,

Ки бо иштирок Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад, табрику муборакбод гуфта, фикру андешаҳои хешро баён доштанд.

Инчунин,дар идомаи суҳбат масъулин дар бораиэълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, озмунҳои ҳизбӣ ва роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”, ки мақсаду маромаш ободии Ватан ва баланд гардидани сатҳи зиндагии сокинон мебошад, ҳарф зада, иштирокдоронро, алалхус ҳунармандонихушзавқо барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ ва роҳандозии Аксияи ҳизбӣ даъват намуданд.

Дар охир ҳамагон аз ноишгоҳи намоиши ҳунарҳои мардумӣ дидан карда, ба маҳорати касбии онҳо бурдбориҳо таманно карданд.

     

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg