БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Коррупсия кирдори нангин ва бешарафона аст!

ВАХШ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «МБТИ» дар мавзӯъи «Коррупсия омили нангин ва бешарафона аст!» хониши сиёсӣ доир намуд.

Зимни вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Одилҷон Маҳмадов иштирок дошта, зимни суханронӣ қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муборизаи пайваста бурдан бо ин зуҳуроти номатлубро таъкид намуда, дар суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 27-январи соли 2017 доир гардида буд, чунин иброз намуданд, ки яке аз хатарҳое, ки метавонад ба раванди рущди устувори давлат монеъа гардад ва ба эътибору обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ таъсири манфӣ расонад, коррупсия мебошад.

Имрӯз зарур аст, ки барои паст кардани сатҳи коррупсия, ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дар канор набошад ва барои мубориза бар зидди ин кирдори нангин бо сохторҳои давлатӣ бештар ҳамкорӣ намояд.

Бо дарки ин маънӣ ва ҳисси масъулият сохторҳои ҳизбӣ ва аҳли ҷомеаро зарур аст тамоми кӯшишу ғайрати худро барои бартараф кардани ин падидаи номатлуб равона созанд, то бо истифода аз захираи бузурги маънавӣ ва фишангҳои муассири идеологии ҳизб дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg