БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҒУН НУРУ ЗИЁИ МИЛЛАТ АСТ!

АНДЕША. Ҷасорату мардонагӣ, фидокориву фарҳанги сулҳофарӣ, тадбирандешиву хиради азалӣ ва қалби саршор аз муҳаббату самимияти Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон маълуми оламиён аст. Корнамоиҳои ин фарзанди фарзонаи миллат раҳнамои наслҳо ба суйи ояндаи дурахшон ва шукуфоӣ мебошад. Ҳамагон гувоҳанд, ки дар даврони истиқлолият сохтмони бузургтарин иншооти аср- НБО “Роғун” маҳз бо ташаббусҳои созанда ва тадбирҳои саривақтиву воқеъбинонаи Пешвои муаззами миллат дубора ба роҳ монда шуд, ки акнун самараҳои аввалинро ба бор меорад.

Бояд гуфт, баъди соҳибистиқлолии кишвар, аз рӯзҳои аввали давлатдории навини тоҷикон, Ҳукумати мамлакат ҷиҳати табдил додани Тоҷикистон ба кишвари тарақикардаву аз ҳар ҷиҳат пешрафта, баромадан аз бунбасти комуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқавориро ба ҳайси се ҳадафи дурнамои фаъолияти дастаҷамъонаи аҳли кишвар муқарар намуд.

Қабули “Барномаи давлатии дарозмудати бунёди силсилаи неругоҳҳои хурди барқи оби дар давоми солҳои 2009-2020” раванди ислоҳоти энергетикиро дар мамлакат вусъати тоза бахшида, дар давоми ин солҳо эҳсос кардем, ки дар ин самт хеле ба натиҷаҳои баланд муваффақ шудем. Мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳид аст, ки таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи гидроэнергетика ва бунёди иқтидорҳои нав дар даврони истиқлолият дар самти некӯаҳволии мардуми кишвар ва таҳкими мавқеи давлати соҳибистиқлоламон, на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар арсаи байналмилалӣ самараҳои нек ба бор оварда истодааст. Маҳз бо шарофати ин иқдомҳо бори аввал замистони солҳои 2017-2018 мардуми Тоҷикистон ва соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар бемаҳдудият бо нерӯи барқ таъмин гардиданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон 26- июли соли равон дар машварати корӣ бо роҳбарону масъулони НБО “Роғун” ва фаъолони шаҳр, таъкид доштанд, ки “Ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ-таъмин намудани истиқлолияти энергетикии кишвар барои рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аҳамияти ниҳоят бузург дорад”.

Дар ҳақиқат НБО “Роғун” майдони корнамоиҳои бузурги асри 21 буда, мутобиқи нақша он яке аз неругоҳҳои калонтарин ва нодиртарин дар Осиёи Миёна ба ҳисоб рафта, бунёди он ифтихори мост. Бо сохтумони ин иншооти гидротехникӣ дар рушду тараққиёти кишвари азизамон марҳилаи нав оғоз меёбад.

Агар ба таърихи сохтумони НБО “Роғун” рӯ оварем, сарнавишти онро бисёр печида ва саршор аз монеаҳои сунъӣ дармеёбем. Новобаста аз он, ки иқдоми дубора бунёд намудани неругоҳ бо мухолифатҳои шадид рӯ ба рӯ шуд, вале бо ҷаҳду талошҳои бесобиқа ва сиёсати оқилонаю дурандешонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дарки амиқи аҳамияти ин иншооти азими аср корҳои сохтумонию барқарорсозӣ вусъати тоза ёфта, қарор аст 16- ноябри соли ҷори аввалин чархаи неругоҳ ба кор дароварда шавад. Ин ҳама аз матонату устуворӣ ва садоқату меҳандустии Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомали Раҳмон маншаъ мегирад. Дар ҳақиқат НБО “Роғун”-ро метавон арсаи номус ва қаҳрамонӣ номид.

Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба ба ин сохтумони азими аср сафари корӣ анҷом дода, аз рафти сохтумон дидан ва бо сохтумончиён вохӯрию суҳбатҳои самимӣ доир намуданд,ки ин суҳбату вохӯриҳо ба сохтумони неругоҳ такони ҷиддӣ бахшиданд. Махсусан, 29-уми октябри соли 2016- рӯзе, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон бо булдозер зиёда аз якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста, ба бунёди сарбанди неругоҳ оғоз бахшиданд, барои мардуми тоҷик санаи таърихӣ ва фаромушнашаванда гардид. Боиси хурсандист, ки мо имруз дар остонаи ифтитоҳи ин иншооти бузурги электроэнергетикӣ қарор дорем ва қалби тамоми мардуми кишвари азизамонро шодию фараҳ фаро гирифта, ҳамагон ин рӯзи таърихӣ ва тақдирсози миллатро бесаброна интизорем.

Дар сохтумони ин иншооти бузурги аср саҳми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург ва назаррас аст, зеро тавонистанд бо азми қавӣ ба мушкилоти сангини замон нигоҳ накарда, дар ҳаллу фасли масъалаҳо заҳматҳои шабонарузӣ кашида, ин неругоҳро ба иншооти миллӣ табдил диҳанд. Пешвои миллат НБО “Роғун”-ро масъалаи ҳаёту мамот дониста, аз ҷумла таъкид доштаанд; “Бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хизмат мерасонад”.

Инак мо мардуми тоҷик бо сарварии Пешвои муаззами худ ба ин орзӯи неки чандинсолаи худ расидем ва фикр мекунам иншооти мазкур баъд аз Истиқлолияти давлати бузургтарин дастоварди халқи тоҷик ба шумор меравад.

Маҳмадаюб ШАРИФЗОДА – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg