БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҒУН ҲАМТАҚДИРИ МИЛЛАТИ ТОҶИК АСТ!

АНДЕША. Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба як кишвари рушдкунанда табдил ёфта, рӯз аз рӯз ободтар гашта истодааст

Дар заминаи чунин иқдомҳои ободкорона, баҳри расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ аз соли 2009 корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар бузургтарин иншооти тақдирсози миллат НБО «Роғун» оғоз гардид. Воқеан ҳам, НБО-и «Роғун» иншооти бузурги энергетикӣ буда, барои имрӯзу ояндаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ аҳамияти муҳимми стратегӣ дорад.

Бояд гуфт, ташаббусҳои неки Роҳбари давлат дар ҷойи холӣ ба вуҷуд наомада, балки дар таърихи пурғановату пурпечутоби халқи тоҷик реша доранд ва аз сарчашмаи ҳикмату башардӯстии азалии тоҷикон об мехӯранд. Симои халқҳои Тоҷикистонро дар оинаи вақт инъикос намуда, зарурати дигаргуниҳои куллӣ ҷорӣ кардан дар ҷомеаи навини Тоҷикистонро ба мардум мефаҳмониданд. Дар ин асос Пешвои миллат дар гузоришу муроҷиатҳо, суханрониҳо ва баромадҳояшон ба такрор зарурати дар муҳити нави сиёсӣ давлатсозӣ ва милатсозиро аз нигоҳи таърихӣ, илмӣ ва ҳуқуқиӣ асоснок кард. Яъне самтҳои инкишофи ҷомеаро дар сиёсати дохилӣ ва берунӣ дақиқ муайян сохт ва баҳри тақвияти худшиносӣ ва ватанпарварӣ, эҳёи ананаҳои миллӣ ва фарҳангӣ шароити созгор ба вуҷуд оварда шуд. Корҳои муҳим дар самти баргузории ҷашнҳои умумимиллӣ, устувор кардани асосҳои қонунии давлатсозӣ, шароити мусоиди инкишофи моддию маънавии кишварро ба вуҷуд овард.

Чун ба таърихи ин иншооти аср назар афканем, дармеёбем, ки гуё ин иншоот аз рӯзҳои аввалини оғози бунёдаш, ҳамсони миллати тоҷик, ки гоҳе аз зулму ситами бадхоҳони аҷнабӣ, гоҳе дигар аз хоиниву каҷфаҳмиҳои фарзандони ноқобили хеш дар давраҳои гуногун таҳқиру азият кашида, вале заррае сар наафканда мавҷудияти хешро ҳифз намудааст, ҳамтақдир бошад.

Бунёди НБО “Роғун” дар давраҳои побарҷо будани собиқ ИҶШС оғоз гардида, ҳануз дар ҳамон давра ба маҳдудиятҳову мухолифатҳои зиёде, ҳам аз марказ ва ҳам аз дохили кишвар мувоҷеҳ гардида буд, ки оқибат сохтмони он ба пуррагӣ қатъ гашт. Ҳатто қисмати кучаки сохтмони бунёдгаштаи он ҳам ба пурагӣ тахриб гардида буд. Баъди аз ҳам пош хурдани ИҶШС низоми ягонаи таъминоти барқӣ низ аз байн рафта, дар кишварамон норасоӣ ва танқисии нерӯи барқ бараъло мушоҳида гардида, талаботи мардум ба он рӯз то рӯз афзоянда гардид. Мардум аз норасоӣ ва аз танқисии таъминоти барқ азият кашида, хусусан, дар давраҳои тирамоҳу сармо моҳҳои дароз ягон соат ҳатто барои чароғон кардани хонаву кошонаи худ ба нерӯи барқ дастрасӣ надоштанд. Заводу корхонаҳо моҳҳо аз фаъолият боз монда, истеҳсолоти саноатӣ рӯ ба таназул ниҳода буд, ки дар маҷмуъ ба ғанӣ гаштани буҷаи миллӣ таъсири чашмраси манфӣ мерасонд.

Аммо имрӯз ҳамаи ин мушкилиҳо бо иродаи созандаи Пешвои миллат бартараф гардиданд. Имрӯзҳо тамоми мардуми сарбаланти Тоҷикистони соҳибистиқлол дар бораи Роғун ва дар бораи роҳи пурпечутоби миллат барои ноил шудан ба ин дастоварди бузург бо ифтихор сухан мегӯянд.

Воқеан, пас аз ба кор оғоз намудани Роғун сатҳи зиндагии мардум боз ҳам баланд шуда, қудрати иқтисодии кишвар даҳҳо маротиб афзун мегардад. Барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи нерӯгоҳ имконият медиҳад, ки эҳтиёҷоти ба барқ доштаи Тоҷикистонро комилан қонеъ карда, барои инкишофи иқтисодиёти кишвар такон бахшад. Нерӯгоҳи барқи обии Роғун аҳамияти на танҳо ҷумҳуриявӣ, балки минтақавӣ низ дорад. Баъди бунёди ин иншооти муҳими гидроэнергетикӣ ва тавассути барномаи КАСА 1000 Тоҷикистон дар оянда ҳамчун як кишвари содиркунандаи нерӯи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза метавонад кишварҳои ҳамсоя ва минтақаро, аз ҷумла Покистону Афғонистон ва дигар кишварҳоро бо барқи хушсифат таъмин намояд.

Дар ин росто тамоми ҳамдиёронро ба фарорасии рӯзи муборак – оғози кори чархаи аввали НБО “Роғун” табрику муборакбод мегӯям. Поянда бод Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Файзиддин Раҳмонов- узви Гуруҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg