БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ба нохун роҳ дар хоро буридан…

Ш.ШОҲИН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Симчакони ҷамоати деҳоти Саричашма вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, Соли тақвиятиробита бо маҳал ва баргузори чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ карда шуд.

Дар вохӯрӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ иштирок дошта, дар бораи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара санаи 5 ноябри соли равон, кушодашавии чархаи якуми Нерӯгоҳи оби барқии Роғун, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуда, афзуданд, ки суханҳои арзишманду таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути неруву тавони тоҷику тоҷикистониён ҷиҳати бунёд намудани нерӯгоҳҳову нақбҳо, роҳу пулҳо ва инфрасохторҳои нав, ҳатто агар лозим шавад «бо нохун кандан»-и нақбҳо аз ҳамон нангу номус, тавонмандии ватандориву ватанпарастӣ шаҳодат медиҳад. Ва ин худ дарси хештаншиносиву даъватест баҳри дар ин ҷода саҳмгузорӣ намудан барои ҳар як ашхоси худогоҳу меҳанпарастӣ тоҷикистонист. 

Сокинон дар охир андешаҳои судманди масъулинро якдилона ҷонибдорӣ карда, миннатдории хешро аз сиёсати ватандӯстонаи Роҳбари давлат баён карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg