БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таъмини солимии ҷомеа яке аз ҳадафҳои олии ҲХДТ мебошад

ҶАЙҲУН. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Шифо» (Беморхонаи маркази)-и хониши сиёсии ҳизбӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва қабули аъзо ба сафи ҲХДТ бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Сабурзода Насим, сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Хоҷаева София доир гардонида шуд.

Зимни баргузории чорабинии мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Сабурзода Насим вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфасал баромад намуда, иброз дошт, ки солимии миллат пояндагии онро таъмин менамояд. Аз ин рӯ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии мардум ва хизматрасонии сифатноки тиббӣ такмили низоми идоракунии соҳаи тандурустиро муҳим шуморида, ҷорӣ намудани рақобати солим, ташаккули низоми муосири хизматрасонӣ бо истифода аз техналогияҳои замонавӣ ва тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби соҳаро аз ҷумлаи иқдомоти зарурӣ медонад».

Сабурзода Насим дар рафти суханронии худ қайд намуд, ки дар баробари дигар омилҳои хатарзо ба генафонди миллат паҳншавии бемориҳои сирояткунанда, махсусан бемориҳои вируси норасоии масъунияти одам, бемории пайдошудаи норасоии масъуният ва дигар бемориҳои сироятӣ бисёр ташвишовар мебошанд. Аз ин рӯ донистани бемориҳо, роҳҳои гузариш, пешгирӣ ва инкишофу авҷгирии онҳо амри зарурист.

Дар анҷоми чорабинӣ ба 14 нафар аъзои нави ташкилоти ибтидоии «Шифо» дар вазъияти тантанави шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg