ХУРОСОН. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар деҳаи Роҳати ҷамоати деҳоти Ғаллаобод бо сокинон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвиятиробита бо маҳал ва чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур муовини раис-мудиришуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Азизӣ Сабоҳат иштирок ва дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, кушодашавии агрегати НОБ-и Роғун, расидан ба истиқлолияти энергетикї, роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбї таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ карда, ҷамъомадагонро барои бо дастовардҳои баланду назаррас истиқбол гирифтани ҷашнҳои муҳими таърихӣ, ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат сазовор ҷамъбаст кардани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ раҳнамоӣ намуд.