БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ташкилоти ибтидоӣ «Ҳифзи табиат» номгузорӣ карда шуд

ХОВАЛИНГ.  Дар идораи бахши ҳифзи муҳити зист бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг Саидҷалол Сатторов дар мавзӯъи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Дар хониши сиёсӣ аз тарафи кормандон, аз ҷумла З. Акбаров пешниҳод гардид, ки дар бахши ҳифзи муҳити зист барои ба оммаи васеъи мардум фаҳмонидани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати ҳифзу нигаҳдории муҳити зист ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ташкил карда шавад. Ин пешниҳод аз тарафи кормандон якдилона дастгирӣ ёфта, бо пешниҳоди А. Тешаев ташкилоти ибтидоии навтаъсис «Ҳифзи табиат» номгузорӣ карда шуд.

Дар ҷамъомад бо овоздиҳии ошкоро Ҷавшан Яъқубов раиси ташкилот ва Фирдавс Абдураҳимов котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб карда шуданд.

Сипас, дар назди ҳозирин Саидҷалол Сатторов баромад намуда, муҳтавои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ – ро ба онҳо фаҳмонид. Аҳли нишаст аз баромад дар бораи дастуру супоришҳое, аз Паём бармеояд, зарурат ва аҳамияти истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, хатари ба ҷомеадоштаи терроризм ва ифротгароӣ, ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, нашъмандию нашъаҷаллобӣ, коррупсия, тақлиди кӯркӯрона ба урфу одат ва фарҳанги бегона, бемориҳои сироятӣ, истифодаи мақсадноки технологияи муосир, моҳияти хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ маълумоти зарурӣ пайдо намуданд.

Мавсуф ҳозиринро ба муносибати санаҳои муҳими таърихии дарпешистодаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани агрегати аввали НБО Роғун, ба 16 ноябри соли2018 рост меояд, самимона табрик намуда, дар бораи хизматҳои шоистаи Пешвои миллат дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳкурӣ, аз ҷумла расидан ба истиқлолияти энергетикӣ муфассал сухан ронд.

Хониши сиёсӣ барои иштирокдорон хеле манфиатбахш буд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg