БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинони ифтихор аз ватандорӣ менамоянд

ФАРХОР. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар деҳаи Саховати ҷамоати деҳоти Зафар бахшида ба идҳои дар пешистода чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ доир гардид.

Нахуст, дар ин чорабинӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Шаҳбози Искандар, Раҳмонов Далер ва муовини раиси ҷамоати деҳоти Зафар Сайдалиев Абдухолиқ аз намоиши ҳунарҳои мардумии сокинони деҳа дидан карда, ба ҳунари дастии онҳо баҳои баланд доданд. Ҷолибияти ин чорабинӣ дар он буд, ки тамоми намунаи ҳунарҳои мардумии ба намоиш гузошта шуда, дастсохти ҷавонон ва хонандагон буд.

Сипас, муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шаҳбозӣ Искандар дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, иштирокдорони ин чорабиниро бахшида ба идҳои дарпешистода Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кушодашавии чархаи якуми Нерӯгоҳи Роғун табрику муборакбод намуд.

Ҳамчунин, оид ба кушодашавӣ ва иншооти стратегии мамлакат ба ҳисоб рафтани Нерӯгоҳи барқи обии Роғунро шарҳ дод.

Ҳамзамон, дар ин мулоқот, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳмонов Далер баромад намуда, дар бораи аҳамияти Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатдории миллӣ иброзӣ ақида кард.

Дар рафти чорабинӣ консерти идона барпо гардида, сокинони деҳа зери навои мутрибон рақсу шодикунон идҳои дар пешистодаро ҷашн гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg