БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Роғун калиди фатҳу зафар ва ифтихори тоҷикон гаштааст

ПАНҶ. Дар доираи нақшаи корӣ ва ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ҳамаи деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Панҷ чорабиниҳои сиёсӣ- таблиғотии ҳизбӣ вобаста ба сазовор таҷлил намудани ҷашнҳои муҳими давлатӣ ва ҳамчунин ба истифода додани чархаи аввали НБО Роғун роҳандозӣ гардида истодаанд.

Дар ҳақиқат аз наворҳое, ки тариқи телевизиони Тоҷикистон оид ба сохтмони НБО Роғун тамошо мекунед, вуҷуди касро як ҳаяҷони беандоза фаро мегирад. Роғун ҳамчун иншооти бузурги аср ба дилу дидаи мардуми точик ва ҳатто мардуми берун аз марзу буми кишвари азизи мо ҷой гаштааст,  иброз дошт дар баромадаш   раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзиев Каримҷон дар вохурӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии “Деҳбаланд”-и ҷамоати деҳоти Меҳвари ноҳияи Панҷ.

Роғун калиди фатҳу зафар ва ифтихори тоҷикон гаштааст. Бо шарофати ин сиёсати созанда,  ба истифода додани НБО Роғун Тоҷикистон ба яке аз ҳадафҳои бузурги стратегии худ,  расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ноил мегардад.

Ҳамчунин, дар рафти мулоқот вакили ҳизбӣ Машрабов Шамсулло дар баромадаш оид ба  мақсаднок истифода бурдани нерӯи барқ, ки имрӯз яке аз масъалаҳои муҳиму стратегии давлат ба ҳисоб меравад,  қайд намуд ва илова кард, ки он аз ҳар кадоми мо муносибати ҷиддӣ ва ғамхоронаро талаб менамояд.

Дар охир, Раҳмонов Муҳаммад яке аз фаъолони маҳал бо сипосу шукргузорӣ аз ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат ва ҳукумат иброз дошт, ки барои ҳарчи бештару хубтар дастгирӣ намудани  сиёсати созанда ва ободкоронаи Сарвари хирадпеша ва дурандеш ҳама саъю талош намуда, баҳри ободии маҳал кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

 

                           

                                                                          

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg