НОРАК. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кибил” бахшида ба санаҳои муҳимми таърихӣ, аз ҷумла Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Ғуриева Муслима ва Исмоилова Парвина вохӯрӣ доир гардид.
Сараввал Муслима Ғуриева оид ба сафари кор ии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара, кушодашавии чархаи якуми НБО Роғун, моҳият ва таърихи санаҳои пурифтихори миллат, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ҳарф зада,иброз дошт, ки бонувон бо ҳунарҳои дастии худ тарғибгари ин пешниҳоди Пешвои миллат мебошанд ва расидан ба истиқлолияти эенергетикиро мардуми шарафманди тоҷик соҳои тӯлонӣ интизорӣ мекашиданд хоҳем расид ва ин санаи муҳимро сокинон бо шукргузорӣ аз сиёсати оқилонаи Пешвои миллат ва фазои сулҳу суботи кишвар ба даст омадааст, хушнуду сарфарозанд.
Сипас, Исмоилова Парвина оид ба огоҳии мардум аз хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирӣ аз он, пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир, интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ фикру андешаҳои худро оид ба масъалаҳои дар боло зикргардида иброз намуда, аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ карданд.