БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои барномавии ҳизб мароми мост!

МӮЪМИНОБОД. Вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ХҲДТ дар ноҳияи Мӯъминобод бо истиқоматкунандагони деҳаи Боғгаии ноҳияи Мӯъминобод тибқи ҷадвали баргузории  хонишҳои сиёсӣ  дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия дар деҳаи мазкур  вохӯрӣ   баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ сараввал масъулин атрофии сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара санаи 5 ноябри соли равон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ҳамчун ҳизби пешоҳанги ҷомеа, вусъати корҳои  хоҷагидорию кишоварзӣ, кишту кори тирамоҳӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои корам, тарғиби урфу анъанаҳои миллӣ, чакандӯзи, гулдӯзӣ ва идҳои дар пешистодаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба фаъолият оғоз намудани агрегати якуми НОБ-и Роғун ва Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон  андешаронӣ карда, аз ҳамагон барои  расидан ба қадри оромии кишвар, ташаббусҳои неку ояндадори Пешвои миллат ва Ваҳдати миллӣ даъват ба амал оварданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg