БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Соҳибкорон пешбарандагони иқтисоди миллианд

ЛЕВАКАНТ. Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар бозори ҶДММ «Муҳаббати Беғам»-и шаҳри Левакант бо соҳибкорон хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар хониши сиёсии мазкур мудири шуъбаи ташкилӣ ва ба ҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Шаҳло Шомудинова, шахси масъули бозори мазкур Ассадулло Амиров, соҳибкорон ва сокинони шаҳр иштирок доштанд.

Мудири шуъбаи ташкилӣ ва ба ҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Шаҳло Шомудинова ба сухан баромада, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ карда зикр намуд, ки таъмини маҳсулоти хушсифат дар бозорҳои истеъмолӣ вазифаи ҳар як соҳибкори ватанждӯст мебошад, беҳуда нест, ки соҳибкоронро пешбарандагони иқтисоди миллӣ меноманд.

Инчунин,мавсуф аз фаъолияти соҳибкориву хоҷагидорӣ, ки таъмини мардум ба ғизои босифати табиӣ, яъне боғдорӣ ва занбури асалпарварӣ, кишоварзӣ аст, ҳарф зада, таъкид намуд, ки дар замири ҷавонон ҳаваси кор дар ин самтҳоро бедор намоянд.

Дар айни замон деҳқонӣ ниҳоят соҳибкориву хоҷагидорӣ кори даромаднок буда, рушди бемайлони иқтисодиётро таъмин месозад. Дар охири суҳбат иштирокдорон, соҳибкорон аз чунин як вохӯрии судманд изҳорӣ қаноатмандӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg