БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Зуҳуроти номатлуби терроризимро аъзо ва ҷонибдорони ҳизб маҳкум месозанд

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ташхиси судию тиббӣ” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин иштирок ва баромад намуда, баён дошт, ки вазъи сиёсии ҷаҳон шаҳодат медиҳад, амнияти кишварҳои олам бинобар фаъол гардидани гурӯҳҳои ифротгароӣ хатарзо ва авҷ гирифтани амалҳои террористӣ дар ҳолати басо ногувор қарор дошта, ин вазъ водор менамояд, ки баҳри ҳифзи суботу амният дар кишварамон дастҷамъона саҳм гузорем.

Вобаста ба ин мавзӯъ дигар иштирокчиён низ ибрози назар намуда, амалҳои фоҷиаборӣ гурӯҳҳои террористиро шадидан маҳкум намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg