БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Иқдомҳои неку ояндасози Пешвои миллат ба манфиати халқу Ватан

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “КДФ” хониши  сиёсӣ оид  ба сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба ноҳияи Данғара баргузор гардид, ки  дар он мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Ваҳобиддин Абдуллоев иштирок дошта, дар байни сокинон ҳарчи бештар бурдани корҳои тарғиботӣ ҷиҳати  дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳое, ки  аз суханрониҳои Пешвои миллат  дар ноҳияи Данғара бармеоянд, вусъати кишту кори тирамоҳӣ, хоҷагидориву кишоварзӣ ба хотири таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, дар бораи тероризму экстремизм ва паёмадҳои хатаровари он, масъулиятнокӣ зоҳир намудани волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд аз хона то мактаб, ба  падару модари ҷавонон  фаҳмонидани моҳияти хизмат дар сафи Артиши миллӣ, ҷалби ҷавонон ба донишандӯзиву касбу ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекориву  баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, дар доираи  Аксияи  тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ  таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ анҷом додани корҳои хайру сахо, сохтмони биноҳои хизматрасонӣ дар маҳали зист, кӯмак ба шахсони ниёзманди ҷомеа, ки яке аз ҳадафҳои олии ҲХДТ мебошад, андешаронӣ карда, иштирокдоронро барои амалигардонии дастуру супоришҳои Роҳбари давлат  ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ намуд. 

Инчунин,  мавсуф дар охир оид ба бори аввал ба кор даромадани чархаи якуми НБО-и Роғун, ки рӯзҳое наздик бо иштироки Пешвои миллат баргузор мегардад, ҳарф зада, ҳамагонро барои сарфаҷӯёна  истифода бурдани  нерӯи барқ ва пардохти саривақтии маблағи он ҳидоят намуд. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg