БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Барои зиндагии шоистаи мардум камари ҳиммат мебандем

ЁВОН. Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо ва хонишҳои сиёсӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар бинои Кумитаи заминсозии ноҳияи Ёвон бо иштироки аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Заминсоз» хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни хониши сиёсӣ и.в.муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Солиҳов Маҳмадрасул дар бобати ҳодисаи нангине, ки санаи 29 июли соли равон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ содир гардид ва дар натиҷа чанд нафар сайёҳони хориҷӣ захмӣ шудаву чанд тани дигар ба ҳалокат расиданд, изҳорӣ нигаронӣ намуда, мардумро барои муттаҳид будан дар атрофи Пешвои миллат, тарбия намудани наврасону ҷавонон дар роҳи илмомӯзию саҳмгузорӣ дар ободонии Ватан, риояи қонунҳои миллӣ, расидан ба қадри сулҳу субот, хизмати содиқона ба халқу Ватан, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон, муборизаи идеологӣ бар зидди терроризму экстремизм ва пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро, ҳизбу ҳаракатҳои дар кишвар мамнуъи ТЭТ ҲНИ, ки азсамтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ меюбошанд, ҳарф зад.

Дар охир ҷамъомадагон суханрониҳои судманди масъулинро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, афзуданд, ки дастурусупоришҳое, ки аз суханрониҳои Пешвои миллат дар ноҳияи Данғара санаи 5 ноябри соли ҷорӣ бармеоянд, бобати вусъат бахшидани кишту кори тирамоҳӣ, корҳои хоҷагидориву кишоварзӣ, самаранок истифода бурдани ҳар ваҷабзаминҳои корам ва саҳм гузоштанд дар корҳои хайру сахо камари ҳиммат мебандем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg