БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ривоҷ додани ҳунар аз асолати ватандӯстист!

ДӮСТӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “Ҳаёти Нав”  чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ доир намуданд.

Зимнан,  пеш аз оғози  чорабинии мазкур масъулин   мазкур аз маҳорати касбии  ҳунармандони деҳотӣ аз наздик дидан карда,  ташкили намоиши ҳунарҳои мардумиро бо хушнудӣ пазируфтанд.

Дар қисмати сиёсии чорабинӣ бошад  масъулин  атрофи сафари кории Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара,  эълон гардидани соли 2018- ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар назди ҷамъомадагон  андешаронӣ карда,  иброз доштанд, ки  дар ноҳияи Дӯстӣ  касбу ҳунарҳои мардумӣ рӯз аз рӯз  бо рангу таровати хоса ва шаглҳои гуногуни замонавӣ ривоҷ ёфта истодааст. Ҳамин аст, ки мардуми ӯзбектабори  минтақаи собиқ Гараутӣ аз солҳои ба ин мавзеъ омаданашон ба ҳунарӣ қуроқдӯзӣ, қолинбофӣ, танӯрсозӣ ва дигар ҳунарҳои  мардумӣ машғуланд, ки  ҳунарҳои  ҳунармандони чирадаст диққати меҳмонони хориҷӣ ва доҳилиро ба худ ҷалб намудааст.  

Ҳунармандон аз баргузории чорабинии  ҳизбӣ  рӯҳбаланд гардида, минатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg