БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷомеаи солим-ояндаи босаодат

ДАНҒАРА. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ Каримов Пирмуҳаммад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок намуда, доир ба моҳияти бунёди Нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун зимни расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла истиқлолияти энергетикӣ, татбиқи қонунҳои соҳавӣ ва миллӣ, эҳтиромгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, таъмини рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди татбиқи барномаҳои давлатӣ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва хештаншиносии шаҳрвандон, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, корҳои ободониву созандагӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ- амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.

Зимнан мавсуф иброз дошт, ки мутахассисони сатҳан касбӣ метавонанд, рушди босуботи тамоми соҳаҳоро таъмин намоянд. Дар роҳи расидан ба ин ҳадафҳои созанда саҳми мутахассисони соҳаи тандурустӣ бениҳоят калон аст.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg