БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Роғун манбаи нуру зиё дар хонадони тоҷик аст!

ВОСЕЪ. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ хониши сиёсии навбатӣ дар  ташкилоти ибтидоии «Амонатбонк» оид ба  ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати оғози чархаи аввали НБО Роғун бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафарова Ҳафиза, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Гулрухсор Мирзоева доир гардид.

Масъулин атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, муқовимат бо амалҳои коррупсионӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ намуда,  қайд карданд, ки дар назар дошта шудааст, рӯзи 16 ноябри соли 2018 чархаи (агрегат) –и  аввалини НБО “Роғун” бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода мешавад. 

Имрӯзҳо аҳамияти таърихӣ доштани НБО “Роғун”-ро ҳамчун гарави асосии расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ҳамаи мо хуб медонем. Бинобар ин бо ифтихору сарбаландӣ мо метавонем аз ин муждаи нек НБО “Роғун”-ро маъбади нур дониста, доимо сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллатро дастгирӣ намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg