БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Танзими анъана ва ҷашну маросим баракат дар хонадон аст

ВАХШ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии «Суғурта» хониши сиёсӣ дар мавзӯъи «Танзими анъана ва ҷашну маросим баракат дар хонадон аст» доир намуданд.

Сараввал муовини раис -мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Ҷалилов Исмоил дар назди ҳозирин ба сухан баромада, қайд намуд, ки мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми сарбаланди кишвар, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, гирифтани пеши роҳи хароҷотҳои зиёдатӣ ва роҳандозӣ намудани сарфаву сариштакорӣ мебошад.

Дар асоси тағйироти қабулшуда, аз ин баъд дар Тоҷикистон куштани чорво ва додани таом дар тамоми маъракаҳои азодорӣ, аз қабили ҳафту чил ва сол манъ шуда, маросими тӯйи хатнаи кӯдакон бидуни даъвати санъаткорон баргузор карда мешавад

Дар охири суханронӣ Ҷалилов Исмоил ба иштирокчиён расонид, ки баъд аз ҷорӣ шудани қонуни мазкур мардум аллакай дар солҳои охир ҳис карданд, ки бо шарофати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» зиндагиашон рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg