БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Китоб сарчашмаи донишу маърифат ва обруву эҳтиром аст

БОХТАР.  Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Китобхонаи вилоят” тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Саймуҳаммад ва Исоев Фаррух иштирок  ва суханронӣ намуданд.

Масъулин оид ба  самтҳои афзалиядноки фаъолияти ҳизбӣ,  аз ҷумла сафарбар  кардани  сокинон ба сарфаву  сариштакорона истифода бурдани нерӯи барқ бо мақсади ноил шудан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ андешаронӣ карда,  қайд намуданд, ки тавре медонем, яке аз ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ  мебошад. Ҷойи зикри хос аст, ки зимни баёни Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қайд гардид, ки имсол дар давраи солҳои соҳибистиқлолӣ аввалин бор аст, ки маҳдудияти барқ  пурра бардошта шуд ва мо ба Истиқлолияти комили энергетикӣ  хеле наздик шудем. Ин дастоварду  комёбии бузург боиси  шукургузории ҳар як шаҳрванди кишвар аз фазои суботу осоиштагии комил ва ваҳдати сартосарӣ мебошад. Воқеан ҳам ин арҷгузорӣ асоси муътамад дошта, Тоҷикистони соҳибистиқлол дорои аҳдофи стратегии мушаххас мебошад, ки амалӣ   намудани  онҳо ба вазъи иқтисодӣ, робитаи давлатҳои минтақа ва ҷаҳон  таъсири мусбат мерасонад.  Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз кишварҳои тадбиқкунандаи  «Иқтисодиёти сабз» мансуб ёфта, аз лиҳози истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад, зеро 98%-и барқ тавассути нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешаванд. Хушбахтона, ки имрӯзҳо корҳои омодагӣ барои ба истифода додани  чархаи аввалини НОБ- и Роғун рафта истодааст, дар баробари ба кор даромадани якум агрегати  НОБ-и Роғун истеҳсоли қувваи барқ дар ҷумҳурӣ зиёд гардида, амнияти энергетикӣ таъмин мегардад. Раванди аз кишвари агросаноатӣ ба кишвари саноатӣ- аграрӣ табдил додани Тоҷикистони офтобрӯя вусъат гирифта, дастовардҳои иқтисодии кишварамонро дучанд хоҳанд кард.

Дар зимн, гуфта шуд, ки бояд ҳарчи бештар ҷавонон ба китобхонӣ ҷалб карда шаванд. Зеро маҳз китоб манбаи пешравии давлату ҷомеа ва обруву нуфузи худи китобхон мегардад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg