БАЛҶУВОН. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Шаидон”-и ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон миёни зиёда аз 60 нафар сокинон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли тақвияти робита бо маҳал вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Мирзоев Исуф иштирок дощшта, доир ба сафари кории Асосгузори сулҳ ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, татбиқи Аксияитарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”, кушодашавии агрегати аввалини Нерӯгоҳи барқии обии Роғун, саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани ҷашни пурифтихори давлату миллат Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оғози чархаи якуми НОБ-и Роғун ва сисолагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карда, аз ҷамъомадагон ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои хоҷагидориву кишоварзӣ, кишти такрорӣ дар фасли тирамоҳ ба хотири таъмини амнияти озуқаворӣ, бозорҳои истеъмолӣбо меваҷоту сабзавоти тару тозаи хуштаъм, ки ин ҳама аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бармеоянд, даъват ба амал овард.