Ҷ.БАЛХӢ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кушодашавии агрегати якуми НБО-и «Роғун» бо омӯзгорон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Алиев Зафар иштирок намуда, оид ба моҳият ва таърихи санаҳои муҳими таърихӣ, дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ, хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри халқу Ватан, расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ суханронӣ намуда, ҷамъомадагонро бо ҷанҳои дарпешистода табрику муборакбод гуфта, онҳоро барои расидан ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат ва сарафаҷӯёна истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақти маблағи онва тарбияи дурусти насли наврас даъват кард.
Дар охири вохӯрӣ Алиев Зафар ба 18 нафар омӯзгороне, ки тоза ба сафи ҲХДТ пайвастанд, билетҳои ҳизбиро дар вазъияти тантанавор тақдим намуд.