БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хурсандии сокинон дар ростои ба кор оғоз кардани НБО “Роғун”!

 ХУРОСОН. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар деҳаи Эшмаи ҷамоати деҳоти Ғаллаобод бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, чорабиниҳои сиёсӣ-фарҳангӣ бахшида ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба фаъолият оғоз намудани чархаи якуми НОБ-и Роғун ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъулин ҷамъомадагонро бо сананҳои муҳими таърихӣ шодбош гуфта, атрофи сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Данғара, равнақ додани корҳои хоҷагидорию кишоварзӣ, вусъати кишту кори такрорӣ ба хотири таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо сабзавоту меваҷоти тарзу тоза, расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, ки аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бармеоянд, андешаронӣ карданд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ бошад иштирокчиён бо рӯҳи идона, бо шукргузорӣ аз фазои тинҷу ороми кишвар маҳсулоти дастранҷи хешро ба намоишгоҳ гузошта буданд, ки аз ин намоишгоҳ ҳамагон дидан карда, ба ҳунару маҳорати касбии онҳо аҳсан хонданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg