Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

Роғун кафили зиндагии арзандаи мардуми Тоҷикистон аст

Ш.ШОҲИН. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот ва хониши сиёсӣ дар ташкилоту муассиса ва деҳаву маҳаллаҳо кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар  ташкилоти ибтидоии ҳизбии  «Ҳушанг» хониши сиёсӣ вобаста ба мавзӯъи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ доир намуданд.

Дар хониши сиёсӣ зимнан мудири шуъбаи таблиғот, иттиллот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Неъматов Абдулҷаббор дар бораи  сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ба истифода додани якум чархаи Нерӯгоҳи барқии обии Роғун суханронӣ намуда, афзуд, ки мардуми Тоҷикистон дар мавриди  ба истифода додани ин манбаи нур интизориҳои зиёд доранд. Бошад, ки Нерӯгоҳи  барқи обии Роғун барои мардуми сарбаланди тоҷик, ки азияти зиёди таърихӣ кашидааст, садсолаҳо хизмат кунад ва кишвари моро аз лиҳози иқтисодӣ боз ҳам пешрафтатар  созад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg