БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавондухтарон ояндасозони миллатанд

ШАҲРИТУЗ. Дар корхонаи дӯзандагии ҶДММ "Зебо" хониши сиёсӣ бо кормандони он доир гардид, ки дар он мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Тӯйчиева Садбарг иштирок намуд.

Зимнан Садбарг Тӯйчиева дар назди ҷамъомадагон  дар мавзӯъи самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, сафарҳои  кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба ноҳияи Данғара ва ВМКБ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ба кор оғоз намудани чархаи якуми НОБ-и Роғун андешаронӣ  намуда, қайд кард, ки имрӯзҳо бо заҳматҳои оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба  як давлати пешрафта дар байни дигар давлатҳои абарқудрат шинохта мешавад.  Ҳар яки мо шукронаи чунин Ватани зеборо карда, барои рушди минъбадаи он бо меҳнати ҳалол саъю кӯшиш намоем. Дар шароити имрӯза, бахусус масъулияти ҳар як узви ҲХДТ сиёсати хирадмандонаю созандаи Пешвоимиллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дуруст дарк карда, моҳияти аслии онро дар раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ  равона созанд.

Бояд ҳар яки мо бо мақсади сарфаву сариштакорона истифода бурдан аз нерӯи барқ бо мақсади ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ, инчунин огоҳ намудани ҷавонон аз хатарҳои экстремизму терроризм, хатарҳои ҳизбу ҳаркатҳои иртиҷоӣ ба амнияти давлат халал мерасонад, кӯшиш намоянд масъулияти баланди шаҳрвандӣ дошта бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg