БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Муттаҳидии сокинон рушди босуботи Тоҷикистонро таъмин мекунад

ҶАЙҲУН. Дар доираи нақшаи корӣ ва ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар деҳаи Розиқободи ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун чорабинии таблиғотии ҳизбӣ вобаста ба сазовор таҷлил намудани Соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҳамчунин ҷиҳати расонидани моҳияти самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба аҳолии деҳа бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Сабурзода Насим доир гардонида шуд, ки писанди ҳозирин буд.

Чорабинии мазкурро корманди масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Сабурзода бо аз назар гузаронии намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, ба ҳунармандони деҳаи мазкур, ки ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ машғуланд, як ҷаҳон таҳсину офарин хонданд. Чунки дар чорабинии мазкур тамоми ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллии хоси мардуми тоҷик ба намоиш гузошта шуда буд, ки фарҳанги миллати тоҷикро муаррифӣ менамуд.

Ҳамзамон, дар рафти чорабинии ҳизбӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳо мардумӣ муфассал суханронӣ намуда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки баҳри огоҳии мардум, хусусан ҷавонон аз хатари терроризму экстремизм, истифодаи мақсадноки нерӯи барқ, хатари ҳизбу ҳаракатҳои дар ҷумҳурӣ мамнуъ, истифодаи дуруст ва мақсадноки шабакаҳои интернетӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва риояи талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ ва дуруст сафарбар кардани корҳои хайру сахо  кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Бояд қайд кард, ки дар чорабинии таблиғотии ҳизбӣ, бонувони деҳа ба омода намудани хӯроки миллии оши бурида ва дигарон зери навои мусиқӣ мерақсиданду меболиданд, ки воқеан ҳам фазои идонаи ҳизбӣ ҳувайдо буд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg