БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Роғун бузургтарин ва муҳимтарин иншооти гидроэнергетикист

Н.ХУСРАВ. Мутобиқи нақшаи кории   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар  ташкилоти ибтидоии  «Роҳсоз»-и   ноҳия бо мақсади амалигардонии Соли тақвият бахшидан бо маҳал, татбиқи амалигардонии Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин бахшида  ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кушодашавии чархаи якуми Нерӯгоҳи барқии обии Роғун хониши сиёсӣ  дар  мавзӯъи «Нерӯгоҳи Роғун бузургтарин ва муҳимтарин иншооти гидроэнергетики Тоҷикистон» баргузор гардид. 

Вохӯриро раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия Алиева  Сураё ифтитоҳ намуда,  қайд  кард, ки тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон бо  як масъулияти  баланд  ва ифтихори ватандорӣ ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  дар  ҳамин рӯз   ба  кор даровардани чархаи якуми Нерӯгоҳи обии барқии Роғун бо тайёрии мукаммалу чорабинҳо баргузор намуда истодаанд. 

Сохта  ба истифода додани Нерӯгоҳи барқии обии Роғун ҳадафи муҳими таърихии миллат буда,  дар  он  орзуву ормони чандсолаҳои халқи моро баҳри устувории рушди иқтисодии давлат, беҳбудии зиндагии мардумро   дар  бар  мегирад.

Мавсуф   қайд намуд, ки Роғун- ободиву сарсабзии имрӯзу фардои Тоҷикистон, тараққиёти бесобиқаи саноату кишоварзӣ ва муҳимтар аз  ҳама рӯшноиву гармии шабонарӯзии ҳар хонадони мардуми мо мебошанд.

Тарҳи Роғун худ  ин бунёди тамаддуни зеризаминӣ  дар  Тоҷикистон мебошад, ки бо ғояи баландтарини муҳандисӣ ва иқтисоди мардуми ҷумҳурӣ  бунёд гардидааст.

Дар охир ба  саволу  дархостҳои   иштирокдорон масъулин    ҷавобҳои  саҳеҳ гардониданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg