БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ сокинонро ба ояндаи нек дилгарм сохт

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳия бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар деҳаи Меҳнатобод 1-и ҷамоати деҳоти Ғаллаобод бо сокинон  атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ  баргузор  гардид.

Нахуст,  масуълин ҷамъомадагонро бо санаҳои муҳими  таърихӣ- Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оғози чархаи якуми НОБ-и Роғун табрику шодбош гуфтанд.

Пас аз суханҳои шодбошӣ    атрофи суханрониҳои Пешвои миллат аз ноҳияи Данғара санаи 5 ноябри соли равон,  рушди корҳои хоҷагидорию кишоварзӣ, вусъати бахшидан ба  кишти тирамоҳӣ,  самаранок истифодабурдани заминҳои киштшаванда ба хотири таъмини амнияти озуқаворӣ,  расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, бо дастовардҳои назаррас  ҷамъбаст намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва татбиқу роҳандозии  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  бо ҷалби фаъолон,  аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, шахсони хайрхоҳу саховатманди ватандӯст дар ҳал намудани мушкилоти сокинон андешаронӣ карда, ҳамагонро барои расидан ба қадри талошҳои шабонарӯзии Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ ҳидоят намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg