БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар доираи аксияи ҳизбӣ боғи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд мегардад

ХОВАЛИНГ. Сокинони деҳаи Мазори Султони ҷамоати деҳоти Ҷомбахт дар вохӯрие, ки тибқи ҷадвали тасдиқнамуда оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ аз тарафи кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ташкил шуда буд, фаъолона иштирок намуданд.

Дар назди ҳозирин мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва бақайдгирии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Ш. Набиев оид ба самҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ сухан гуфта, таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ҷалб кард.

Ҳамчунин дар бораи санаҳои мубораки дарпешистодаи миллӣ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26 – солагии Иҷлосияи таърихии 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами миллӣ сухан ронда, аҳли деҳаро барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашнҳои таърихӣ раҳнамоӣ намуд.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии №17 Б. Нуралиев дар баромадаш оид ба натиҷаи фаъолияти ситоди байниидоравӣ дар ВМБК ҳарф зада, зикр намуд, ки бори каҷ ҳеҷ гоҳ ба манзил намерасад. Дер ё зуд гунаҳкорон барои аъмоли бадашон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Чи тавре дида шуд, саркардагони гурӯҳҳои ҷинояти дар Хоруғ худ ихтиёрӣ омада, ба гуноҳҳояшон иқрор шуданд ва савганд ёд карданд, ки дигар чунин амалро такрор наменамоянд. Дар акси ҳол дар назди қонун худро ҷавобгар меҳисобанд.

Корманди Маркази ВИЧ/СПИД  М. Мирзоева ба мардум роҳҳои гузариш ва пешгирии ин бемориро фаҳмонид.

Дар фарҷоми суҳбат ҷамъомадагон аз намоиши ҳунарии ташкилнамудаи ҳунармандони деҳа дидан намуданд.

Дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» аҳли деҳа иқдом гирифтанд боғеро бо номи «Боғи 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ» бунёд кунанд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg