БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Солимии миллат боигарии давлат аст!

ҲАМАДОНӢ. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо кормандони Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии (КАТС)-и ноҳия хониши сиёсӣ гузарониданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон  Ғаффорзода дар баромадаш қайд кард, ки солимии миллат пояндагии онро таъмин менамояд. Аз ин рӯ ҲХДТ бо мақсади дастгирии мардум ва хизматрасонии сифатноки тиббӣ, такмили низоми идоракунии соҳаи тандурустиро муҳим шуморида, ҷорӣ намудани рақобати солим, ташаккули низоми муосири хизматрасонӣ бо истифода аз технологияиҳои замонавӣ ва тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби соҳаро аз ҷумлаи иқдомоти зарурӣ медонад.

Дар КАТС-и ноҳия зиёда аз 400 нафар кормандону табибон кору фаъолият менамоянд, бинобар ин сабаб дар ин ҷо ташкилоти ибтидоии ҲХДТ таъсис дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg