БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Қувваи ҷомеа ба сарсабзиву ободии ҷомеа сафарбар гардидааст!

ФАРХОР. Дар робита ба арзанда истиқбол гирифтани ҷашни 26-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ҷиҳати анҷоми корҳои ободонӣ шанбегии умуминоҳиявӣ бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  гузаронида шуд.

Зимни баргузории шанбегӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТдар ноҳия ва аъзои намояндагии  ТҶҶ «Созандагони Ватан» иштирок намуда, корҳои муҳими ободонӣ,  аз қабили шинонидани дарахтони сояафкан, нарм кардани бехи дарахтон,  шинонидани гулу гулбутаҳои ороишӣ  ва беҳдошти муҳити зист ба анҷом расонида шуданд.

Чунин корҳои  ободониву бунёдкорӣ дар ҳудуди  ноҳияи Фархор бо ҷалби  фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТбомаром идома дошта, сокинон тасмим гирифтанд, ки  ҷашнҳои пурифтихори давлату миллатро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg