БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон тадбирҳои андешидаи Ҳукуматро бобати мӯътадил гардонидани вазъи сиёсию иҷтимоии Бадахшон дастгирӣ карданд

ТЕМУРМАЛИК. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик хониши сиёсӣ бо кормандони ҷамоати деҳоти ба номи Саидмӯъмин Раҳимов доир гардид.

Зимни баргузории хониши сиёсӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Маҳмадсаид Раҷабзода доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, вазъи сиёсию иҷтимоӣ дар ВМКБ , маросими савгандёдкуни саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии Хоруғ, Шуғнон ва Роштқалъа дар назди қонун , сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Данғара рӯзи 5 ноябри соли ҷорӣ ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуд. Вобаста ба баромади Раҷабзода Маҳмадсаид раиси ҷамоати деҳоти ба номи Саидмӯъмин Раҳимов Давлатов Худоёр андешаҳои худро баён кард.

Дар рафти хониши сиёсӣ ҳамагон тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бобати мӯътадил гардонидани вазъияти сиёсию иҷтимоӣ дар Бадахшонро дастгирӣ намуданд. Ҳамзамон, иброз карданд , ки дар масъалаи фарогирии кормандонашон ба сафи ҲХДТ мусоидат менамоянд.

Дар охири хониши сиёсӣ ба 1 нафар аъзои нави ҲХДТ билети ҳизбӣ супорида шуда, инчунин чанде аз иштирокдорон вокуниши худро ҷиҳати маҳкум кардани амал ва ниятҳои ғаразноки ҳизби террористии наҳзати ислом баён доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg