БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавононро аз дассисаҳои ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ҳифз менамоем!

ПАНҶ. Дар доираи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии Кулдомани чамоати деҳоти Меҳвар таҳти унвони “Ҷавононро аз дассисаҳои ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ҳифз менамоем!”, ки ба яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб марбутанд, бо фаъолон ва аъзои ҳизб суҳбат доир гардид.

Дар рафти баргузории вохӯрӣ Шомаҳмадзода Музаффар мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Ғафуров Сайдамир роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан”иштирок ва суханронй намуда, оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ки ҷомеаи имрӯзаи чаҳонӣ инро тақозо менамояд андешаронӣ карданд.

Зимнан баромадкунандагон оид ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки баҳри беҳбудии зиндагии сокинон нигаронида шудаанд,  баромадҳо намуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ оид ба масъалаҳои баррасигардида, баҳсу мунозираҳои судманд доир гардида, аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ дар баланд бардоштани маърифати динӣ ва сиёсии ҷавонон, дуруст ба роҳмондани корҳои таблиғотӣ нисбати ғояҳои гурӯҳҳои ифротӣ ва инчунин фаҳмондадиҳии моҳият, оқибат ва пайёмадҳои гурӯҳҳои ифротӣ саҳмгузор буда, баҳри иҷрои қонунҳои амалкунандаи кишвар бетараф набошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg