БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Кишоварзон ҷашнҳои давлатиро бо натиҷаҳои назаррас истиқбол мегиранд

ПАНҶ.Ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бахшида ба ҷашнҳои дарпешистодаи Рӯзи Президенти Чумҳурии Точикистон, Рӯзи Парчами давлатӣ ва 26-солагии Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби занони маҳал, кишоварзони маҳаллаи Кулдомани ҷамоати деҳоти Меҳвари ноҳияи Панҷ чорабинии сиёсӣ- фарҳангӣ роҳандозӣ гардид.

Нахуст, меҳмононро наврасон бо шеърхонӣ дар васфи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Парчами давлатӣ, Сулҳу ваҳдат ва Истиқлолият пазируфтанд. Баъдан меҳмонон аз намоиши нигораҳои ҳунармандони маҳал дидан намуданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Файзиев Каримҷон ҷорабиниро оғоз бахшида, доир ба моҳияти эълон шудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуд. Баъдан, оид ба ҷашнҳои муҳими давлатӣ – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта гузашт. Аз ҷумла қайд намуд, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд, воқеан ҳам иҷлосияи таърихӣ буда, боиси ифтихори ҳар як шахси ватандӯсту худогоҳ ва ниҳояти миллати тоҷик мебошад. Ин иҷлосия буд, ки миллати тоҷик соҳиби Сарвари хирадпеша, Роҳбари беназир ва сулҳпарвар шуда, ҳоло дар сулҳу осоиштагӣ кору зиндагӣ дорад. Тоҷикистон бо Пешвои миллаташ устуворона қадам ба сӯи қуллаҳои баланди мурод монда истодааст ва хоҳад монд.

Ҳамзамон, дар ин вохӯрӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ сухан рафта, қайд гардид, ки хатарҳои чаҳони имрӯза ба монанди терроризму экстремизм ва коррупсия, ки яке аз омилҳои хатарноктарини ҷомеа ба ҳисоб рафта, ба амнияти миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ таҳдид менамояд, даъват ба амал овард, ки мубориза алайҳи ин омилҳо муборизаи дастаҷаъмона мебошад.

Дар идома фаъолони маҳал баромад намуда, баргузории чунин чорабиниҳоро аз ҷиҳати сиёсӣ баҳогузорӣ намуданд ва иброз доштанд, ки чашнҳои давлатиро бо натиҷаҳои назаррас истиқбол менамоянд.

Дар фароварди ҷамъомад ба якчанд нафар сокинони маҳал дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg